Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гиёзода Исмон Қурбон раиси додгоҳи шаҳри Душанбе таъин шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми апрел бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси додгоҳи шаҳри Душанбе Садирзода Нусратулло Абдулло бинобар ба кори дигар гузаштан, аз ин мақомаш озод шуд ва Гиёзода Исмон Қурбон, ки дар мақоми раиси додгоҳи ноҳияи Сино ифои вазифа мекард, ҷойгузини ӯ шуд.

Ҳамин тариқ Саизода Гулбону раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин ва аз вазифаи муовини раиси додгоҳи пойтахт озод карда шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, ваколати раиси додгоҳи ноҳияи Рӯшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ, қатъ гардид. Ҳамин тариқ, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд. Бо қарорҳои ҳукумат Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардиданд.

XS
SM
MD
LG