Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Урдун сафирашро аз Теҳрон бозхонд


Яке аз хиёбонҳои Уммон, ки он ҷо тоҷирони эронӣ дукону фурӯшгоҳ доранд

Яке аз хиёбонҳои Уммон, ки он ҷо тоҷирони эронӣ дукону фурӯшгоҳ доранд

Урдун сафираш дар Теҳронро барои машварат ба кишвар бозхонд. Гуфта мешавад, ки ин тасмим бо идома ёфтани таниш миёни Эрон ва Арабистони Саъудӣ бастагӣ дорад.

Намояндаи расмии ҳукумати Урдун Муҳаммад Мӯъминӣ рӯзи 18 апрел гуфт, ки бозхонди сафир – посух ба дахолати Эрон ба умури кишварҳои ҳамсоя, ба хусус, кишварҳои Халиҷ аст. Расонаҳои давлатии Урдун аз қавли Мӯъминӣ навиштаанд, ки Эрон ба талаби Урдун ва дигар кишварҳо барои арҷгузорӣ ба якпорчагии давлатҳои арабӣ посух надодааст.

Урдун – охирин кишвари суннинишини минтақа аст, ки бар асари таниш миёни Теҳрон ва Ар-Риёз, сафирашро аз Эрон бозхондааст.

Таниш миёни Эрон ва кишварҳои суннимазҳаби Халиҷи Форс баъд аз он шурӯъ шуд, ки ба думболи эъдоми рӯҳонии шиа шайх ан-Нимр аз сӯи Ар-Риёз рӯзи 2 январ садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд.

Арабистони Саъудӣ дар посух робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Кувайт рӯзи 5 январ сафирашро аз Теҳрон бозхонд. 7 январ Сомалӣ эълон дошт, ки робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кардааст. Як ҳафта баъд Ҷазираҳои Комор, як кишвари воқеъ дар уқёнусти Ҳинд, ҳам аз қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Эрон хабар дод.

XS
SM
MD
LG