Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Ҷалолуддини Балхӣ дар Ҷайҳун ғарқ шуд


Мирзораҳим Маллаев, сокини 32-солаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, дар канали Ҷайҳун ғарқ шудааст ва ҷустуҷӯи ҷасадаш то ҳол идома дорад. Сулаймон Қаюмов, раҳбари идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ба Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 17 апрел рух додааст.

Ӯ гуфт, "Мирзораҳим мехостааст говҳояшро ба чаро бибарад, ки дар об ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад. Ҳам мақомот ва ҳам сокинон ӯро меҷӯянд."

Мирзораҳим Маллаев оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд будааст.

XS
SM
MD
LG