Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин сафари раҳбари Кореяи Ҷанубӣ ба Эрон


Пак Кин Ҳе, раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, аввалҳои моҳи оянда бо сафари расмӣ вориди Эрон мешавад. Дар ин бора дафтари раёсатҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 18 апрел хабар дода таъкид кардааст, ки ин аввалин сафари раҳбари кишвар ба Эрон аз замони барқарории робитаҳои дипломатӣ дар соли 1962 мебошад.

Қарор аст, ки хонум Пак Кин Ҳе ва ҳамтои эронияш Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон масоили марбут ба робитаҳои дуҷониба, мушкилоти минтақаӣ, аз ҷумла, вазъи нимҷазираи Кореяро баррасӣ кунанд.

Солҳо ҳадс зада мешуд, ки Эрон ва Кореяи Шимолӣ дар масоили фановариҳои ҳастаӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Интизор меравад дар ҷараёни сафари Пак Кин Ҳе, ки аз 1 то 3 май идома хоҳад кард, миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон созишҳо дар бахши кимиё, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ва фановариҳои иттилоотӣ имзо шаванд.

Сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, ки Сеул аз коҳиши даромад аз ҳисоби содироти молу ашё ва фановариҳояш нигарон ва дар ҷустуҷӯи бозорҳои нав аст.

XS
SM
MD
LG