Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон


Cафорати Амрико дар Душанбе

Фармондеҳи нирӯҳои таъиноти махсуси ситоди марказии фармондеҳии артиши Амрико генерал-майор Дарси Д. Роҷерс зимни сафараш ба Осиёи Марказӣ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистону Узбакистон ва бо сафирони Амрико дар ин ду кишвар мулоқот кардааст. Ношири ин хабар – сафорати Амрико дар Душанбе кай сурат гирифтани ин боздидҳоро наовардааст, вале мегӯяд, ки генерал Роҷерс бо Элизабет Миллард, сафирони Амрико дар Душанбе ва мақомоти амрикоӣ дар Тошканд “масъалаи ҳамкориҳои давомдори низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро бо қувваҳои махсуси Тоҷикистону Узбакистон матраҳ намуд.” Бино ба ҳамин манбаъ, фармондеҳи амрикоӣ “ҳамчунин бо мақомдорони аршади низомии кишварҳо мулоқот намуда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳо ва кӯмаки Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуд.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG