Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки мактабу муассисаҳои тиббии Афғонистон чун пештара мавриди ҳамла қарор мегиранд ва ин омил дастрасӣ ба таълиму тадрис ва хадамоти тиббиро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Дар гузориши муштараки Ҳайати кӯмаки СММ дар Афғонистон ва ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ, ки рӯзи 18 апрел нашр шуд, омадааст, соли 2015 дар Афғонистон 257 ҳодисаи марбут ба бахшҳои таълиму тадрис ва ҳифзи сиҳат рӯй дод, дар ҳоле, ки як сол пеш 130 ҳамин гуна ҳодиса ба қайд гирифта шуда буд.

Соли гузашта 63 корманди тиббӣ, асосан баъд аз ҳамлаи ҳампаймои амрикоӣ ба бемористони шаҳри Қундуз,кушта ва захмӣ шуданд. Соли 2014 дар Афғонистон 25 корманди муассисаҳои тиббӣ бар асари ҳамлаҳо ба ҳалокат расида ё ҷароҳат бардошта буданд. Дар гузориш омадааст, ки соли гузашта 66 корманди тиббӣ рабуда шуд, як сол пеш теъдоди табибони гаравгон 31 нафар буд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди кормандони бахши маориф, ки кушта ё захмӣ шудаанд, аз 37 то 26 нафар кам шуд, вале шумораи омӯзгорони гаравгон аз 14 нафар дар соли 2014 то 49 нафар дар соли гузашта боло рафт.

Бар асари хушунатҳо соли гузашта дасти кам 369 мактаб баста шуд, ки дар натиҷа 139 ҳазор кӯдак аз таҳсил маҳрум шуда, 600 муаллим бекор монд.

XS
SM
MD
LG