Пайвандҳои дастрасӣ

Зиёни сел ба сокинони Баҳористон (3 АКС)


Дар пайи боришоти шадиди ду рӯзи гузашта, даҳҳо хонаи сокинон дар ҷануби Тоҷикистон зиён дида, ба заминҳои кишт низ хисорот ворид шудааст.

Боришоти сахти шаби гузашта ба сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зарар ворид намуд. Бар асари боронгариҳои шадиди шаби гузашта, даҳҳо манзили сокинони ин деҳа аз лой ва гил пур шуд ва даҳҳо гектар замини қобили киштро сел зер кард.

Фахриддин Ғафуров, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз, 18 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сел соати 2-шаб ба деҳа сарозер шудааст. Вай афзуд, ки то ба ҳол зарари селхезӣ ҳисоб нашудааст, вале он бештар заминҳои кишти хонаводаҳоро вайрон кардааст. Ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони ҳолатҳои фавқулодда шабона ба маҳаллӣ обхезӣ ҳозир шуда ва ба сокиноне, ки манзилҳояшон аз лой ва гил пур шуда буд, дар берун кардани асбобу анҷом, кӯмак расонидаанд.

Сокинони деҳаи Баҳористони ҷамоати Арал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки наздики 100 хона аз оби сел пур шудааст ва заминҳои кишти картошкаю пиёз ва гандум зарар дидааст. Ин сокинон мегӯяд, ки ҳарчанд соли гузашта низ обхезӣ ва омадани сел ба деҳаи онҳо таҳдид мекард, вале мақомот барои бартараф кардани он, ки иборат аз тоза кардани каналҳо буд, коре анҷом надоданд ва дар ниҳоят дар пайи боришоти ду рӯзи ахир, сел аз маҷрои худ берун шуд ва ба мардум зарар расонд.

XS
SM
MD
LG