Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пас аз нокомии нишасти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар Доҳа, пойтахти Қатар нархи нафти хом дар бозорҳои Осиё рӯзи 18 апрел наздики 5 дарсад коҳиш ёфт. Қурби рубли Русия дар биржаи Маскав низ рӯзи душанбе рӯ ба пойин аст.

Кишварҳои асосии содиркунандаи нафт дар Доҳа мавзӯи то моҳи октябр “мунҷамид” кардани ҳаҷми тавлидот ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи уфти нархи нафтро баҳс карданд.

Вазири энерҷии Русия Александр Новак баъд аз анҷоми нишасти Доҳа изҳор намуд, баъзе аз кишварҳои узви ОПЕК мавқеи худ дар бораи боло набурдани тавлиди нафти хомро бознигарӣ кард, аз ин рӯ ҷонибҳо ба созиш нарасиданд.

Арабистони Саудӣ дар нишасти Доҳа барои он пойфишорӣ кардааст, ки бояд ҳамаи кишварҳои тавлидкунанда шарти коҳиши тавлидотро бипазиранд.

Эрон дар нишасти Доҳа ширкат надошт. Аз ин пеш вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангина ба телевизиони давлатии Эрон гуфта буд, ки кишвар тавлиди нафтро то миқёси қабл аз таҳримҳои байнулмилалӣ афзоиш хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, содироти нафт то моҳи марти соли 2017 ба 2 миллиону 250 ҳазор бушка дар як рӯз хоҳад расид. Содироти ин ашёи хом ҳамин моҳ ба 2 миллион бушка дар як рӯз расид, афзуд Бежан Номдор Зангина.

Бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ, ки чаҳор сол пеш ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ҷорӣ карданд, тавлиди нафт дар кишвар аз 2,5 миллион бушка то 1 миллион бушка дар як рӯз коҳиш ёфт. Таҳримот алайҳи Эрон миёнаҳои моҳи январи соли равон лағв шуданд ва кишвар ба бозори ҷаҳонии нафт баргашт.

XS
SM
MD
LG