Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IHS. Даромади "Давлати исломӣ" коҳиш ёфт


Як ширкати таҳлилии амрикоӣ мегӯяд, ки даромади гурӯҳи “Давлати исломӣ” тайи 15 моҳи ахир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва ин ба мавҷудияти Хилофати худхонда дар дарозмуддат таҳдид мекунанд.

Дар гузорише, ки ширкати IHS рӯзи 18 апрел нашр кард, гуфта шудааст, даромади гурӯҳи ситезаҷӯ моҳи март 56 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол пеш он 80 миллион доллар буд. Ба навиштаи муаллифон, истихроҷи ҳаррӯзаи нафт дар манотиқи таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз 33 ҳазор бушка дар як рӯз то 21 ҳазор бушка дар як рӯз кам шудааст. Бисёр чоҳҳои нафте, ки барои ситезаҷӯён фойида меоварданд, бар асари зарбаҳо аз ҳаво аз сӯи Эътилофи таҳти фармони ИМА аз фаъолият бозмонданд.

Дар ҳамин ҳол ситезаҷӯён 22 дар сади қаламрави таҳти назораташон дар Сурияву Ироқро ҳам аз даст доданд ва акнун онҳо қаламраверо идора мекунанд, ки он ҷо на 9 миллион, балки 6 миллион нафар ба сар мебаранд. Ин ба он маъност, ки даромади ситезаҷӯён аз андоз ҳам кам шудааст, омадааст дар гузориш. Дар натиҷа гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои насби маҳвораҳо ва берун рафтан аз шаҳр ҳам андоз ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG