Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Палатаи поёни парлумони Бразилия шоми 17 апрел барои эълони импичмент ба раисиҷумҳур Дилма Руссеф раъй дод. Иҷлосияи парлумон, ки дар он аз се ду ҳиссаи вакилон аз вакилони хостори импичмент шуданд, аз тариқи телевизион ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Дилма Руссеф дар махфӣ нигаҳ доштани касри воқеъии буҷаи кишвар дар арафаи интихоботи президентӣ дар соли 2014 айбдор мешавад. Аммо худи ӯ ин иттиҳомро рад мекунад.

Акнун мавзӯъи импичмент бояд дар Сенати Бразилия баррасӣ шавад. Агар сенаторҳо аз раисиҷумҳур пуштибонӣ накунанд, раисиҷумҳур барои 180 рӯз то эълони тасмими палатаи болоии парлумон аз мақом барканор мешавад.

Ҳизби чапгарои кор, ки ба он хонум Руссеф сарварӣ мекунад, 13 сол пеш бо ваъдаи беҳтар кардани вазъи мардуми фақир дар интихобот пирӯз шуда буд.

Шоми якшанбе тақрибан 25 ҳазор нафар, ҳам мухолифон ва ҳам ҷонибдорони Дилма Руссеф дар назди бинои Конгресси Бразилия ҷамъ омада, раванди раъдиҳӣ дар парлумонро аз экранҳои бузург тамошо карданд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрдҳо миёни онҳо девори думетра барафрохтанд..

XS
SM
MD
LG