Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби қатли духтари 6-солаи афғон дар Эрон


Ҳодисаи куштори як духтари шашсолаи афғон аз сӯи як писари 17-солаи эронӣ дар вилояти Теҳрон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоеро ба по кардааст.

Қатли духтари шашсолаи афғон ба дасти писари ҳамсояи 17-солааш дар яке аз минтақаҳои атрофи Теҳрон, фазои маҷозии форсизабонон дар Эрон ва Афғонистонро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст. Хабаргузории Эрон рӯзи шанбеи 16-уми апрел аз нопадид шудани Ситоиш Қурайшӣ, духтари шашсолае, ки рӯзи 10-уми апрел барои хариди яхмос аз мағозаи наздики маҳали зиндагӣ, аз хона хориҷ шуда буд, хабар доданд.

Хабаргузории "Форс" аз қавли Раҳим Қурайшӣ, тағои Ситоиш Қурайшӣ навиштааст, ки хонаводаи кушташуда андаке пас аз муроҷиат ба пулиси Варомин ва нашри маълумот дар мавриди нопадид шудани вай, аз сӯи кормандони пулис барои шиносоии фарзандашон ба пизишки қонунӣ даъват мешаванд.

Он тавре, ки ӯ гуфтааст, қотили 17-сола пас аз рабудан ва қатли духтар, талош кардааст, ки бо асид ё тезоб, ҷасади вайро нобуд кунад ва вақте, ки ба ин кор муваффақ намешавад, яке аз рафиқонашро аз ин кор хабар мекунад ва аз вай кӯмак мехоҳад. Дӯсти вай низ вақте аз ҷараёни ҳодиса хабардор мешавад, падари худ ва мақомоти маҳаллиро огоҳ мекунад ва қотил боздошт ва боқимондаи ҷасади Ситоиш дар манзили ӯ пайдо мешавад.

Хабаргузории "Форс" гузориш додааст, ки падари Ситоиш -- Шероғо Қурайшӣ як коргар аст ва аз мақомҳои Эрон, дархост кардааст, ки қотили духтараш "қасос" шавад Оқои Қурайшӣ гуфтааст, ки "масъулон дар ҳоли таҳқиқи парвандаи духтарам ҳастанд. Ин ҷурм пинҳон нест ва аз онҳо мехоҳам ҳукми Худо ва Қуръонро иҷро ва қотили духтарамро қасос кунанд."

Боқимондаҳои ҷасади Ситоиш, ки фарзанди чаҳоруми ин хонаводаи муҳоҷири афғон будааст, дар оромгоҳи "Тоҳири мутаҳҳар"-и Хайрободи Варомини Теҳрон ба хок супурда шудааст.

Бо онки дар шабакаҳои иҷтимоии форсизабон ахборе дар бораи таҷовузи қотил ба мақтул пеш аз куштор мунташир шуда буд, аммо ҳанӯз ҳеҷ манбаи расмӣ, аз ҷумла пулис ин гузоришҳоро таъйид накардааст.

Тибқи гузоришҳо, шуморе аз мақомҳои маҳаллӣ, аз ҷумла имоми ҷумъаи Хайробод, масъулони вилоятӣ ва идораи муҳоҷирони вилояти Теҳрон, масъулони пулис ва раиси истихбороти он вилоят, барои ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи Қурайшӣ рафта ва дар маросими тарҳим ё фотиҳахонии Ситоиш ширкат кардаанд. Шуморе аз мақомҳои расмии афғон, аз ҷумла Аҳмад Насир Нур, сафири Афғонистон дар Эрон ва масъули фарҳангии ин сафорат низ ба хонаи Шероғо Қурайшӣ рафта ва ҳамдардӣ кардаанд.

Тибқи иттилои расмии мақомоти Эрон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3 миллион муҳоҷири афғон дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Ин муҳоҷирати густурдаи афғонҳо ба Эрон ҳодисаҳо, воқеаҳои талхи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шахсӣ низ дар пай доштааст.

Хабар ва гузоришҳо дар бораи "таҷовуз ва дастадарозӣ" ба занони эронӣ аз сӯи афғонҳо солҳост ки дар Эрон ҳассосиятбарангез шуда ва дар ҳолатҳое ҳам сабаби шаклгирии фазои равонӣ ва зидди амниятӣ алайҳи муҳоҷирони афғон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон шудааст.

Ҳодисае, ки барои ин духтари 6-солаи афғон рух дод, боиси хатшадор шудани эҳсосоти қисми зиёде аз эрониҳо шуда ва онҳо бо нашри акси ин кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо хонаводаи вай ибрози ҳамдардӣ кардаанд.

Бисёре аз афғонҳо дар Эрон ба маҳдудиятҳо ва фишорҳои зиёди иҷтимоӣ рӯбарӯ ҳастанрд ва бо вуҷуди гузашти даҳҳо сол аз зиндагии онҳо дар ин кишвар, ҳанӯзи мушкилоти зиёди онҳо ҳал нашудааст. Шумораи зиёди афғонҳо дар Эрон бо маоши ночиз ба корҳои сахт ва тоқатфарсо машғул ҳастанд

Афғонҳои муҳоҷире, ки дар солҳои ахир бо занони эронӣ издивоҷ кардаанд ва соҳиби фарзанд шудаанд ва дар ҳоли ҳозир ҳазорон нафар аз онҳо шиноснома надоранд. Як соли қабл, мудири кулли идораи муҳоҷирини хориҷии вазорати хориҷии Эрон гуфта буд, ки 36 ҳазор талабаи афғон дар мактабҳои он кишвар таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони афғон дар 29 урдугоҳ дар 13 вилояти Эрон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG