Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Хуҷанд” - пешсафони мусобиқаи Лигаи олӣ


Тими "Истиқлол"
Тими "Истиқлол"

Дастаҳои “Истиқлол“ ва Хуҷанд” пешсафони мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошанд.

Дар даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 16-17 апрел баргузор шуд, дар ду бозӣ мизбонон, дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Рӯзи шанбе ду бозӣ барпо гардид. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 44-ум ба самар расонд.

“Ҳосилот”-и Фархор низ дастаи мизбон - “Равшан”-и Кӯлобро - бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро бозигарони собиқи «Равшан» Абдурасул Раҳмонов ва Мӯсо Содиқ заданд.

Се бозии дигари даври дувум бегоҳи якшанбеи 17 апрел анҷом ёфт. “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Барқчӣ”-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Голҳои “Истиқлол”-ро Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Петро Ковалчук ва Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналтӣ) ба ҳадаф расонданд. Ду голи “Барқчӣ”-роНозим Бобоҷонов ва Амирбек Ҷӯрабоев (аз пеналтӣ) заданд.

“Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯбро Меҳрулло Бобоев ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон – “Хайр”-и Ваҳдат – бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид.

Огоҳонида шуданд: Умедҷон Шарифов, Улуғбек Абдулхайров, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Эраҷ Раҷабов, Далер Шарифов, Баҳодур Шарифов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов («Хайр»).

«ПАРВОЗ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 1:0

Гол: Меҳрулло Бобоев, 32.

Огоҳонида шуданд: Меҳрулло Бобоев («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»).

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«РАВШАН» – «ҲОСИЛОТ» – 0:2

Голҳо: Абдурасул Раҳмонов, 6 (0:1). Мӯсо Содиқ, 20 (0:2).

Огоҳонида шуданд: Абубакр Азимов, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Орзу Додхудоев, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

ССКА «ПОМИР» – «ХУҶАНД» – 0:1

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 44.

Огоҳонида шуданд: Шодибек Ғаффоров, Парвиз Қашқаров (ССКА «Помир»), Манучеҳр Аҳмадов, Илҳом Баротов, Фирӯз Юсуфов, Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»).

"ИСТИҚЛОЛ" – "БАРҚЧӢ" – 4:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 5 (1:0). Дилшод Восиев, 32 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 45+1 (2:1). Петро Ковалчук, 51 (3:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 67 – аз пеналтӣ (3:2). Манучеҳр Ҷалилов, 76 – аз пеналтӣ (4:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Давронҷон Эргашев («Истиқлол»), Комил Саидов («Барқчӣ»).

«ВАХШ» – «ХАЙР» – 0:0

«ПАРВОЗ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 1:0

Гол: Меҳрулло Бобоев, 32.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

"Истиқлол" (Душанбе)

2

2

0

0

8-2

6

2

"Хуҷанд" (Хуҷанд)

2

2

0

0

3-1

6

3

"Хайр" (Ваҳдат)

2

1

1

0

4-0

4

4

"Ҳосилот" (Фархор)

2

1

1

0

4-2

4

5

"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)

2

1

0

1

2-2

4

6

"Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров)

2

1

0

1

1-4

3

7

"Барқчӣ" (Душанбе)

2

0

1

1

4-6

1

8

"Вахш" (Қӯрғонтеппа)

2

0

1

1

1-2

1

9

ССКА "Помир" (Душанбе)

2

0

0

2

1-3

0

10

"Равшан" (Кӯлоб)

2

0

0

2

0-6

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Агблей Ҷонес ("Хайр"), Фатҳулло Фатҳуллоев ("Истиқлол") – 3-тӯбӣ.

Даври 3-юм:

21 апрел (панҷшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Турсунзода, варзишгоҳи«Металлург».

23 апрел (шанбе)

"Хуҷанд" – "Парвоз"

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Хайр» – ССКА «Помир»

Ваҳдат, варзишгоҳи«Хайр».

24 апрел (якшанбе)

"Ҳосилот" – "Вахш"

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ.

"Барқчӣ" – "Равшан"

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ.

Оғози бозиҳо - соати 16:00

XS
SM
MD
LG