Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони Ҷоми Пойтахт оид ба теннис маълум шуданд


Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт 17 апрел дар Душанбе бо пирӯзии Қосим Раҷабмадов ва Мунаввара Раҳмонова ба анҷом расид.

Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт 17 апрел дар Душанбе бо пирӯзии Қосим Раҷабмадов ва Мунаввара Раҳмонова ба анҷом расид.

Мусобиқаи боз оид ба теннис миёни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми Пойтахт бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 апрел дар Душанбе баргузор шуд. Мардон дар Қасри тенниси Душанбе ва занон дар майдони тенниси маҷмааи варзишии “Тоҷварз” рақобат карданд.

Ин мусобиқаро Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон ва маҷмааи варзишии “Тоҷварз” доир намуданд.

Тоҷиддин Тағоев, раҳбари КВД “Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқа, ки барои бори панҷум доир шуд, ҳудуди 40 нафар дӯстдорони теннис аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва соҳибкорон

иштирок карданд, ки намояндагони панҷ кишвар – Лаҳистон, Русия, Тоҷикистон, Чин ва Ҷопон – буданд. Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи як намуд – рақобатҳои инфиродӣ – сурат гирифт. Ҳамаи ҷоизаҳо насиби дӯстдорони теннис аз шаҳри Душанбе гардид."

Дар сабқати мардон Қосим Раҷабмадов, раҳбари Ширкати “Орзуи дил”, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ғолиби порсолаи ин мусобиқа Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, пирӯз шуд, мақоми аввалро касб кард. Убайдуллоев ин дафъа дувум шуд.

Соҳибкор Усмон Хушвахтов ҷойи сеюм ва Амирҷон Убайдуллоев, ки корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст, ҷойи чорумро гирифтанд.

Дар сабқати занон Мунаввара Раҳмонова, намояндаи Ширкати мобилии "Tcell", ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Карина Аскароваро аз Ширкатимобилии “МегаФон” мағлуб сохт, ғолиб шуд. Аскарова ҷойи дувумро азони худ кард. Зулфия Халилова ҷойи севум ва Шаҳноза Салимова (Ширкати “ТоҷикЭйр”) ҷойи чорумро соҳиб гаштанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа миёни мардону занон бо ҷому медалҳо ва ифтихорномаҳои КВД “Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе, тӯҳфаҳои ҶДММ “Муҳаммад А” сарфароз гаштанд. Инчунин ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа ва ҳайати доварон тӯҳфаҳои сарпарасти мусобиқа супурда шуд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа, ки шоми якшанбеи 17 апрел дар Қасри тенниси Душанбе барпо гардид, Парвиз Собиров, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро табрик гуфта, ба теннисбозони ҳаваскор барори кор ва комёбиҳо орзу кард.

Дар ин маросим, инчунин Мунаввара Раҳмонова аз номи ширкаткунандагони мусобиқа ба ташкилкунандагони он барои дар сатҳи баланд доир кардани мусобиқа изҳори сипос намуд.

XS
SM
MD
LG