Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзилаи қаввие ба шиддати 7,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер Эквадор-кишвари соҳилии Амрикои Ҷанубиро таккон дод. Ҷорҷ Глас-муовини раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки дастикам дар ин зилзила 77 нафар кушта, 600 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Ин зилзила, ки шаби 16 ба 17 апрел дар 150 километрии шаҳри Квито-пойтахти ин кишвар рух дод, боиси аз кор мондани баъзе телефонҳои ҳамроҳ ва қатъи интиқоли нируи барқ шудааст.

Дар Гваякил-бузургтарин шаҳри Эквадор баъзе биноҳо фурӯ рехтаанд. Рафаэл Корреа-раиси ҷумҳур дар кишвар вазъи фавқулодда эълон кардааст ва боздиди худ аз Ватиканро бекор кардааст, то амалиёти наҷотро ҳасмоҳанг созад.

Манобеи ҳукуматӣ мегӯянд, ки аз соли 1979 то ҳол ин сахттарин зилзила дар Эквадор будааст. Он вақт дар зилзила 600 нафар ба ҳалокат расида, 20 ҳазор нафар ҷароҳат бардошта буданд.

XS
SM
MD
LG