Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

17 апрел дар Доҳа-пойтахти Қатар кишварҳои тавлидкунандаи нафт ё ОПЕК гирдиҳам омаданд, то имконоти боло бурдани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳониро баррасӣ кунанд.

Дар ин ҳамоиш 15 кишвар ширкат доранд. Аксари онҳо кишварҳои узви ОПЕК мебошанд. Русия ба ОПЕК дохил намешавад, вале дар он ширкат дорад.

Теҳрон гуфтааст, ки ба ин ҳамоиш намояндаи худро нафиристодааст. Арабистони Саъудӣ-кишвари аслии содиркунандаи нафт дар ҷаҳон эълон кардааст, ки дар бораи коҳиши истихроҷи нафт санаде имзо нахоҳад кард, агар Эрон ҳам истихроҷи худро коҳиш надиҳад.

Эрон розӣ нест, ки мизони истихроҷи нафти худро ба меъёри моҳи январ, яъне ба мизони даврони таҳримҳо поин барад, бо вуҷуди ин ки то ҳол истихроҷаш ба давраи пеш аз таҳримҳо нарасидааст.

XS
SM
MD
LG