Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушташудагон камтар ва захмиҳо бештар шудаанд


СММ гузориш додааст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Афғонистон 600 нафар шаҳрвандон кушта шудаанд, ки он нисбат ба семоҳаи аввали соли 2015 13 дарсад камтар аст.

Ин гузоришро 17 апрел намояндагии СММ дар Афғонистон ба нашр расондааст. Вале дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар ҳамин давра шумораи афроде, ки маҷруҳ шудаанд, 11 дарсад афзоиш ёфта ва ба 1343 нафар расидааст.

Гузориш ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар маҳаллоти аҳолинишин даргириҳо бештар шудааст ва он сабаби 29 дарсад афзоиш ёфтанимарги кӯдакон ва 5 дарсад афзоиш ёфтани марги занон шудааст.

60 дарсади кушташудагон ба дасти нируҳои зиддидавлатӣ ба ҳалокат расидаанд ва нируҳои амниятии ҳукуматӣ низ аз маводи таркандаву норинҷакҳо истифода карданд, ки сабаби марг шудааст.

Ин гузориш дар ҳоле пахш шудааст, ки дар ин рӯзҳо нируҳои Толибон эълон карданд, ки ҳамлаҳои баҳории худро оғоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG