Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар натиҷаи як зилзилаи шадид дар ҷануби Ҷопон баъзе биноҳо фурӯ рехтаанд ва дастикам 39 нафар кушта шудаанд. Билофосила мақомот ҳушдор доданд, ки баъд аз ин зилзила мумкин аст сунамӣ ба вуҷуд ояд.

Шиддати зилзилаи 16 апрел 7,1 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил дод, вале қабл аз он дар ҳамин рӯзҳо зилзилаи дигаре ба шиддати 7,4 дараҷа рух дода буд.

Маркази зилзилаи ахир дар наздикии шаҳри Кумамото сабт шудааст. Шабакаи барномаҳои NHK гузориш додааст, ки дар зилзилаи ахир дастикам 470 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Як сухангӯи ҳукумат гуфтааст, ки даҳҳо нафар дар зери вайронаҳо мондаанд.

Вазорати дифоъ ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар 20 ҳазор сарбозро барои ёрӣ ва корҳои наҷот ба минтақаи зилзила фиристодааст.

XS
SM
MD
LG