Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

16 апрел ба Арманистон мақоми кишвари ҳамкор дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой дода шуд. Дар ин бора дар ситоди ин созмон дар Пекин Рашид Олимов-Дабири кулли ин созмон бо Эдвард Налбандиён-вазири корҳои хориҷаи Арманистон ёдошти тафоҳум ба имзо расид.

Дабири кулли ин созмон гуфт, мақоми ҳамкор дар ин созмон ба Арманистон имкон медиҳад, ки дар фаъолиятҳои созмони мазкур дар бахшҳои мухталиф ширкат варзад. Вай гуфт, акнун шаш кишвар дорои мақоми ҳамкор мебошанд, ки дар миёни онҳоКамбоҷаву Озарбойҷон ва Непалу Арманистон ҳастанд.

Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Русияву Чин аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошанд.

Акнун дар феҳристи кишварҳои аъзо, ҳамкор ва нозир 18 давлат дохил мешаванд, ки 3 миллиард аҳолии сайёраро фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG