Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандерс дар Ватикан бо попи Рум мулоқот кард


Бино ба гузоришҳо, Франсис-попи Рум бо Бернӣ Сандерс-номзади Ҳизби Демократ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико мулоқот кардааст.

Сандерс ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки вай субҳи 16 апрел дар Ватикан бо попи Рум дар иқоматгоҳаш мулоқот кардааст. Яке аз ширкаткунандагон мулоқоти Сандерсро таъйид кардааст.

Сандерс ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки вай қабл аз сафари якрӯзаи поп ба ҷазираи Лесбоси Юнон бо вай дидор доштааст. Франсис дар он ҷо аз маркази паноҳҷӯён боздид мекунад.

Номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ин дидори кӯтоҳро, ки хонумаш низ дар он ҳузур доштааст, “хеле муҳтарам” ва попро “яке аз шахсиятҳои хориқулодда на танҳо дар ҷаҳони кунунӣ, балки дар таърихи навини ҷаҳон” арзёбӣ кардааст.

Сандерс ва хонумаш шабро дар иқоматгоҳи поп сипарӣ кардаанд, дар меҳмонсарои Домус Санта Марта дар ҳамон ошёнае, ки поп зиндагӣ мекунад.

Сандерс барои ширкат дар як конфронси иқтисодӣ ва тағири иқлим дар Ватикан ба Рум сафар кардааст.

XS
SM
MD
LG