Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ ва Лавров роҷеъ ба Сурия гуфтугӯ карданд


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия хост, то ба гурӯҳҳои ҳампаймони Маскав дар Сурия таъсир расонад, ки онҳо шароити оташбасро риоя кунанд.

Амрико интизор аст, ки Русия барои риояи оташбас аз ҷониби Димишқ ҳамкорӣ хоҳад кард ва ҳамин гуна Вашингтон саъй мекунад, то оташбасро гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия риоя кунанд.

Дар ҳоле ки аз шаҳри Ҳалаб дар бораи ҷангҳои шадид гузориш мерасад, Ҷон Керрӣ бо Сергей Лавров телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора Ҷон Кирбӣ-намояндаи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба рӯзноманигорон хабар дод.

Намояндагони расмии Вашингтон бар ин ақидаанд, ки нируҳои ҳавоии Русия ба эҳтимоли зиёд барои ҳимоят аз нируҳои ҳукуматӣ парвозҳо анҷом медиҳанд ва дар Ҳалаб ба мавозеи мухолифони давлат зарба мезананд.

Ҷон Керрӣ дар сӯҳбат бо Лавров ҳамчунин аз боздиди генерал Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби Эрон аз Маскав изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG