Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эркинхон Раҳматуллозода эътимоднома супурд


Эркинхон Раҳматуллозода, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 15-уми апрел эътимодномаи худро ба президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск супурд. Ба иттилои намояндагии доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо, оқои Донал Туск сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом шодбош гуфта ва дар иҷрои рисолали дипломатиаш, комёбиҳо таманно кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқоти Эркинхон Раҳматуллозод бо Донал Туск ҷонибҳо ба масоили мухталиф, аз ҷумла дар мавриди ҳамкориҳои тарафайн оид таъмини амният, мубориза бо таҳдиду хатарҳо муосир мубодилаи афкор намуданд. Сафири навтаъйини Тоҷикистон аз нақши мусбати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар амалӣ шудани тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000, сипосгузорӣ намудааст.

Эркинхон Раҳматуллозода рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО таъин гардид. Ӯ то ин замон дар мақоми ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ кор мекард. Эркинхон Раҳматуллозода дар мақоми намояндаи доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Рустамҷон Солиевро иваз кард.

XS
SM
MD
LG