Пайвандҳои дастрасӣ

Сел дар Эрон се кушта ва ду гумшуда бар ҷой гузошт


Ҷорӣ шудани сел дар Дезфули Эрон

Ҷорӣ шудани сел дар Дезфули Эрон

Борандагиҳои шадид дар чанд вилоятҳои Эрон боиси ҷорӣ шудани сел шуда ва хисороту талафоти ҷонӣ бар ҷой гузоштааст.

Бино ба гузоришҳо, дар 9 вилояти Эрон борандагии шадид рух дода, аз ин ҳодисаи табиӣ бештар вилоятҳои Хузистон ва Илом осеб дидаанд. То кунун марги дастикам се нафар ва нопадид шудани ду нафари дигар тасдиқ шудааст.

Дафтари матбуоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи ҷумъаи 15 апрел хабар додааст, то ҳол ба 5 ҳазор нафар, ки аз ин ҳодисаи табиӣ осеб дидаанд, кумак расонад шудааст.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ки ба Туркия сафар кардааст, дар тамоси телефонӣ бо Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали худ, дастур додааст то барои рафъи авоқиби селоб тадбирҳои заруриро рӯи даст бигирад.

XS
SM
MD
LG