Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси радабандии бойтарин кишварҳои ҷаҳон, ки аз ҷониби нашрияи Global Finance Magazine таҳия шудааст, Қазоқистон аз бойтарин ва Тоҷикистон аз фақиртарин кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳисоб меёбанд.

Тибқи ин радабандӣ, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Қазоқистон ба ҳар сари аҳолӣ ба 25 ҳазору 367 доллари амрикоӣ баробар буда, Қазоқистон дар миёни 185 кишвари ҷаҳон дар зинаи 50-ум қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ танҳо 2 ҳазору 830 долларро ташкил дода ва дар зинаи 153-ум воқеъ гаштааст.

Кишварҳои дигари узви ИДМ Русия (25 ҳазору 350$),Озарбойҷон (18 ҳазору 913$), Белорус (18 ҳазору 882$), Туркманистон (15 ҳазору 837$), Украина (8 ҳазору 493$), Арманистон (7 ҳазору 748$), Узбакистон (5 ҳазору 963$), Молдова (5 ҳазору 091$) ва Қирғизистон (3 ҳазору 581$) дар ин феҳрист дар зинаҳои 51 то 142-ум қарор доштаанд.

Қатар аз бойтарин кишвари ҷаҳон (146 ҳазору 011$) арзёбӣ шуда, дар зинаҳои баъдӣ Люксембург, Сингапур ва Бруней ҷой гирифтаанд. Ҷумҳурии Африқои Марказӣ бо 639 доллари амрикоии маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз фақиртарин кишвари ҷаҳон унвон шудааст.

Радабандии мазкур бар пояи гузоришҳои Маълумоти Кишварҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Комиссияи арзёбии фаъолияти иқтисодию рушди иҷтимоӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул таҳия гардидааст.

Маҷаллаи Global Finance дар соли 1987 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG