Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷарроҳии муҳоҷире, ки аз ошёнаи панҷум афтид


Олимҷони Кабирзода дар бемористони Краснодар

Олимҷони Кабирзода дар бемористони Краснодар

Муҳоҷири 20-солаи тоҷик Олимҷон Кабирзода ҳангоми кор дар яке аз сохтмонҳои Русия аз ошёнаи панҷум афтода, зинда мондааст ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки ӯро рӯзи 14 апрел ҷарроҳӣ кардаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, рӯзи 15 апрел ба Озодӣ гуфт, ҷарроҳии Олимҷон дар бемористони шаҳри Краснодар сурат гирифтааст ва ҳоло вазъи саломати ӯ муътадил аст. Ӯ гуфт, Олимҷони Кабирзода нахуст дар бемористони шаҳри Генеҷилик бистарӣ буд ва баъд аз дархости падараш Ҳоҷимурод Кабирзода ва ёрии сафорат ба Краснодар бурда шудааст.

"Зеро табибон ташхис карда ва гуфтанд, ки ҷарроҳии Олимҷон танҳо дар бемористони Краснодар имконпазир аст," - афзуд Сарвар Бахтӣ.

Ба қавли масъулони сафорат, ҳангоми сарозер шудан аз ошёнаи панҷум, сутунмуҳра ва гардани Олимҷон Кабирзода шикаст хӯрда, фалаҷ гардидааст. Сарвар Бахтӣ гуфт, барои ҷарроҳии Олимҷон 300 ҳазор рубл зарур шудааст ва ин миқдор маблағро намояндагии расмии Тоҷикистон, диаспораҳо ва худи муҳоҷирони алоҳида ҷамъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG