Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW: Фирори 30 ҳазор аз ҷангҳо дар шимоли Сурия


Бар асари даргириҳо миёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва нерӯҳои маҳаллӣ дар шимоли Сурия тайи ду шабонарӯзи ахир дасти кам 30 ҳазор аз сокинони осоишта барои тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд.

Дар ин бора созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) рӯзи ҷумъа, 15 апрел, хабар дод.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Туркия даъват карданд, ки марзҳояшро ба рӯи фирориён боз кунад. Ҳамзамон HRW мегӯяд, ҳодисаҳое низ буданд, ки марзбонҳои турк дар манотиқи ҳаммарз бо вилояти Ҳалаб сӯи фирориён оташ кушоданд. "Дар ҳоле, ки одамон аз ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» мегурезанд, Туркия онҳоро ба ҷойи раҳму шафқат бо тиру туфанг пешвоз мегирад", гуфтаанд ҳомиёни ҳуқуқи башар.

Ба иттилои онҳо, бештари фирориён қаблан дар қароргоҳҳои муваққат дар манотиқи марзӣ ба сар мебурданд.

Қарор аст, ки ҳайати ҳукумати Сурия рӯзи 15 апрел дар музокироти сулҳ дар Женева ширкат кунад. Ба иттилои ахир, бар асари даргириҳои чандсола дар Сурия беш аз 270 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан нисфи аҳолии кишвар манзилҳои худро тарк намуданд ва асосан ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Оташбас дар Сурия ба гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла, «Давлати исломӣ», дахл надорад.

XS
SM
MD
LG