Пайвандҳои дастрасӣ

Озмоиши мушакии баластикии парвозаш миёна аз сӯи Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа, 15 апрел, ноком анҷом ёфт. Дар ин бора намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи ҷанубӣ хабар доданд.

Озмоиши мушак ба солгарди зодрӯзи поягузори Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен бахшида шуда буд.

Нокомии озмоишро вазорати мудофиаи ИМА ҳам тайид кард.

Мушаки балластикии навъи «Мусудан» метавонад ҳадафро дар масофаи аз ду то севуним ҳазор километр нобуд созад. Ин мушак тавони бурдани тақрибан якуним тонна маводи ҳастаиро дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, мушак метавонад то ҷазираҳои Гуам, ки қаламрави ИМА аст, бирасад.

Аз ин пеш мушаки «Мусудан» мавриди озмоиш қарор нагирифта буд. Нозирон мегӯянд, ки аввалин озмоишҳои мушаки «Тэпходон-2» ҳам ноком буданд, аммо Кореяи Шимолӣ тавонист камбудиҳоро рафъ кунад ва ду моҳвораи алоқаро ба кайҳон барорад.

Пхенян моҳҳои ахир аз комёбиҳояш дар бахши мушаксозӣ ва барномаи ҳастаӣ изҳорот нашр мекунанд. Дар ин изҳорот пайваста ба Ню-Йорку Вошингтон ва ҳамчунин қароргоҳи раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ таҳдиди ҳамлаи ҳастаӣ мешавад.

Кореяи Шимолӣ қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро, ки дар онҳо ба Пхенян озмоиши ҳастаӣ ва мушакӣ манъ шудааст, нодида мегирад.

XS
SM
MD
LG