Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ шаҳри Ҳитро озод кард


Мардум ба шаҳри Ҳит бармегарданд
Мардум ба шаҳри Ҳит бармегарданд

Артиши Ироқ баъд аз чанд ҳафтаи задухӯрдҳо шаҳри Ҳит, воқеъ дар ғарби Бағдодро, аз ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» пурра озод кард. Ба иттилои Маркази муттаҳидаи фармондеҳии Ироқ, нерӯҳои зиддитеррористии кишвар рӯзи панҷшанбе, шаҳрро таҳти назорат гирифтанд.

Амалиёти озод кардани шаҳри Ҳит миёнаҳои моҳи март шурӯъ шуд. Он вақт яке аз бузургтарин шаҳрҳои вилояти Анбор дар дасти мусаллаҳони гурӯҳи «Давлати исломӣ» буд, ки онҳоро аллакай аз маркази вилоят шаҳри Романӣ берун карда буданд.

Гурӯҳи «Давлати исломӣ» соли 2014 қаламрави бузургеро дар шимол ва ғарби Бағдод ишғол карда, соли гузашта вориди шаҳри Ромадӣ шуда буд.

Моҳҳои ахир нерӯҳои ироқӣ бо мусоидати Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА ба чанд пирӯзии назаррас муваффақ шуданд, аммо гурӯҳҳои ифротӣ ҳамоно баъзе аз манотиқи вилояти Анбор ва бахши аъзами вилояти Найнаворо идора мекунанд.

XS
SM
MD
LG