Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Байден Гройсманро табрик кард


Муовини раисиҷумҳури ИМА Ҷозеф Байден дар сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири тозаинтихоби Украина Владимир Гройсман ӯро бо пазируфта шудани номзадияш аз сӯи Верховная рада ва ташкили ҳукумати нав табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Сафед рӯзи 15 апрел хабар дод.

Байден таъкид кард, ки ба хотири боқӣ мондани пуштибонии байнулмилалӣ ҳукумати нави Украина бояд ҳарчӣ сареътар барномаи ислоҳот дар Украина, аз ҷумла, ӯҳдадориҳояш дар назди Сандуқи байнулмилалии асъорро, иҷро кунад, ба татбиқи созиши Минск пойдор монад ва Додситони кулли ислоҳотталабро таъин намояд.

Муовини раисиҷумҳури ИМА бори дигар пуштибонии Вошингтонро аз шукуфоӣ, истиқлол ва якпорчагии Украина тайид кард, гуфта шудааст дар гузориши Кохи Сафед.

XS
SM
MD
LG