Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои 16-17 апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи теннис байни дӯстдорони ин намуд барои Ҷоми Пойтахт баргузор мешавад.

Мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми Пойтахт, ки ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзҳои 16-17 апрел дар Қасри теннис барпо мегардад.

Ташкилкунандагони ин мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар мебошанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Тоҷиддин Тағоев, раҳбари КВД “Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, рӯзи 15 апрел хабар дод. Ӯ афзуд, “дар ин мусобиқа, ки барои бори панҷрум барпо мегардад, ҳудуди 30 нафар дӯстдорони теннис - намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд.”

Ба иттилои ҷаноби Тағоев маросими кушоиши мусобиқа 16 апрел соати 11 дар Қасри тенниси Душанбе баргузор мешавад. Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи як намуд – рақобатҳои инфиродӣ - сурат мегирад.

Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои КВД “Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе ва ҶДММ “Муҳаммад А” мукофотонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи соли гузашта Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, пирӯз шуда буд.

XS
SM
MD
LG