Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Узбакистонро бо 21 кило ҳероин дастгир кардаанд. Бино ба гузориши сомонаи Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддир, ибтидо ду зани яке 45-сола ва дувумӣ 33-солаи узбак дар шаҳри Ногински вилояти Маскав бо 199 бастаи ҳероин, ки дар маҷмӯъ як кило будааст, дастгир шуданд. Баъди чанд соат шарики 47-солаи онҳо, як марди узбакистонӣ алакай бо 700 баста, ё қариб 4 кило ҳероин ба даст афтод. Таъқиби риштаҳои ин ҳалқаи қочоқбар муфаттишонро ба манзили нафари чорум овард. Дар чердаки хонае, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебурд ва таъминкунандаи ин шабака бо маводи мухаддир дониста мешавад, пинҳонгоҳе бо қариб 17 кило ҳероин ошкор шудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, асосан афюну ҳероин, ба Қазоқистону Русия табдил ёфтааст. Соли гузашта дар дохили ин кишвар беш аз 2 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG