Пайвандҳои дастрасӣ

Ду муҳоҷири тоҷик дар миёни заҳролудшудагони Маскав


Акмалҷон Хушназаров

Акмалҷон Хушназаров

Дар миёни 46 муҳоҷири кории заҳролудшуда дар Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд. Ба қавли мақомот, онҳо баъд аз истеъмоли гӯшти мурғ ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Аз 46 муҳоҷири заҳролудшуда дар яке аз хобгоҳҳои шаҳри Маскав ду нафарашон аз Тоҷикистон будаанд. Масъулони сафорат ва намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 14 апрел ба Озодӣ гуфтанд, ки онҳо - Ҷумъа Зайниддинов аз Кӯлоб (33-сола) ва Акмалҷон Хушназаров аз Турсунзода (32-сола) - ҳастанд.

Шаби 13 ба 14 апрел дар як хобгоҳи назди метрои "Молодежная", дар ғарби Маскав, ҳудуди панҷоҳ муҳоҷири корӣ дар пайи истеъмоли ғизои шом заҳролуд шуданд. Хабарнигори Озодӣ дар Маскав мегӯяд, ки аксари ин муҳоҷирон зодаи Узбакистон буда, ду муҳоҷири заҳролудшудаи тоҷик ҳамроҳи онҳо дар бемористони рақами дуи шаҳри Маскав таҳти назорати табибон қарор доранд.

Бинои бемористони рақами дуи Маскав

Бинои бемористони рақами дуи Маскав

Намояндагони расмии Тоҷикистон дар Маскав низ бо вазъи шаҳрвандони заҳролудшудаи кишвар ошно шудаанд. Ба қавли онҳо, феълан вазъи ин ду нафар муътадил гуфта мешавад ва таҳқиқи чигуна заҳролуд шуданашон ҳанӯз идома дорад.

То кунун чанд акси чигуна ба бемористон интиқол ёфтани ин гурӯҳи муҳоҷирон нашр шуда, афроди огоҳ аз қазия гуфтаанд, ки онҳо барои як ширкати туркӣ кор мекарданд.

Дар солҳои пеш низ заҳролуд шудани коргарони ширкатҳои туркӣ дар Русия сабт шудааст. Барои мисол, дар соли 2007 беш аз 300 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону Украина дар пайи истеъмоли ғизо заҳролуд шуда ва мақомоти Русия гуфта буданд, харҷи табобати муҳоҷиронро ин ширкат мепардозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG