Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти шаш қочоқбар дар Сербия


Муҳоҷирон дар Сербия

Муҳоҷирон дар Сербия

Полиси Сербия аз боздошти шаш нафаре хабар дод, ки ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути марзҳои кишвар ба Маҷористон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо машғул буданд. Боздоштшудаҳо дар убури ғайриқонунии марз ва қочоқи инсон айбдор мешаванд.

Вазорати умури дохилаи Сербия рӯзи 14 апрел хабар дод, ки гумонбарон аз муҳоҷирон барои убури ғайриқонунӣ аз марз аз 900 то 1200 евро талаб мекарданд. Муҳоҷирон аз Косово ва кишварҳои Осиёву Африқо буданд.

Муҳоҷироне, ки аз ҷангу ҷидол ва қашшоқӣ дар кишварҳояшон фирор мекунанд, баъди аз сӯи кишварҳои нимҷазираи Балкан бастани марзҳояшон, барои расидан ба кишварҳои сарватманди аврупоӣ ба қочоқбарон рӯ оварданд.

XS
SM
MD
LG