Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) баъд аз пахши хабари куштори як гузоришгари телевизиони Сурия дар ҷанубу шарқи Туркия аз Анкара даъват кард, ки аз хабарнигорон ҳимоят кунад. Муҳаммад Зоҳир ал-Ширкат дар як хиёбони шаҳри Ғозиёнтеппаи воқеъ дар марз бо Сурия аз масофаи наздик ҳадафи тир қарор гирифт. Бар асари ҷароҳати бардошта ӯ рӯзи 12 апрел дар бемористон аз олам даргузашт.

Ин чаҳорумин куштори хабарнигори суриягӣ дар хоки Туркия аст, ки масъулияташаро гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гиритфааст.

«Мақомоти Туркия бояд собит кунанд, ки куштори хабарнигор дар кӯчаҳои Туркия ғайри қобили таҳаммул аст ва қотилон беҷазо намемонанд», изҳор намуд Нина Огнинова, ҳамоҳангсози масоили Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони «Хабарнигорони бидуни марз».

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам куштори хабарнигори суриягӣ дар Туркияро маҳкум кард. Дар изҳороти вазорат гуфта шудааст, озодии матбуот, аз ҷумла, таъмини амнияти хабарнигороне, ки аз бӯҳрони Сурия гузориш медиҳад, хело муҳим аст, зеро онҳо талош мекунанд то ҳақиқат дар бораи ин низоъи хунин ва ҷинояткориҳоро ошкор кунанд.

XS
SM
MD
LG