Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург


Шаби 13 ба 14 апрел як фарди номаълум дар ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербург ба як муҳоҷири тоҷик бо корд ҳамла карда, ба қисмати синааш зарба задааст. Ба қавли манобеи пулиси Санкт-Петербург, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористони Маринский ҷарроҳӣ шуда, бистарист.

Феълан пизишкон вазъи саломати ин шаҳрванди Тоҷикистонро вазнин арзёбӣ кардаанд. Ба ин далел, ҳоло ӯ имкони сӯҳбат бо кормандони бахши бозрасӣ ва додани маълумотро надоштааст. Пулиси Санкт-Петербург гуфтааст, нисбат ба ин ҳодиса бо айбномаи "амали барқасдонаи расондани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ", парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ахиран дар шаҳрҳои Русия мавридҳои ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Аз ҷумла, шоми 8 апрел Сергей Тсарев, марди 58-солаи рус дар истгоҳи Калужскаяи метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ҳамла карда, ба сару бадани ӯ тир холӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар мавриди ҳамлаҳои такрор ба такрор дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва иллатҳои ин амалҳо, баҳсҳое ба миён омадааст. Бахши умдаи корбарони шабака иллати афзоиши ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русияро ба боло рафтани ангезаҳои миллатгароӣ ва инсонбадбинӣ рабт додаанд. Иддае вазъияти феълӣ дар Русияро навъи зуҳури "фашизм" дар ин кишвар арзёбӣ карда ва ба даврони даҳаи 1930 дар Олмони фашистӣ монанд донистаанд.

XS
SM
MD
LG