Пайвандҳои дастрасӣ

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Бордюжа рӯзи якшанбеи 17 апрел вориди Душанбе шуда, сафараш то 20 апрел мекунад.

Интизор меравад, Николай Бордюжа бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби ин созмон ва вазъи амниятӣ дар минтақа ва Афғонистон сӯҳбат бикунад. Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ 15 майи соли 1992 таъсис шуда ва Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви ин созмон ҳастанд.

Ҳамчунин, рӯзҳои 20-22 апрел намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG