Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷеенбеков нахуствазири Қирғизистон интихоб шуд


Сооронбай Жеенбеков

Сооронбай Жеенбеков

Порламони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз номзадии Сооронбай Ҷеенбеков ба мақоми нахуствазирӣ рай дод. Ҷеенбеков баъд аз интихобаш ба мақоми нахуствазирӣ гуфт, ки ҳукумати вай таваҷҷуҳро ба мубориза бо терроризм ва ҳамчунин ба таъйини хатҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя бештар хоҳад кард.

Ҷеенбеков дар ин мақом Темир Сариевро иваз кард, ки 11 апрел аз мақомаш истеъфо дод. Кобинаи вайро чанд нафар аз намояндагони порламон ба ришвахорӣ муттаҳам карданд.

Истеъфои Сариев дуруст чанд рӯз пеш аз гузориши кумиссиюни порламонӣ роҷеъ ба тафтиши сохтмони роҳе сурат гирифт. Дар ин гузориш омадааст, ки сохтмони ин роҳ бо фасод олуда будааст.

Мунаққидони Сариев мегӯянд, ки вай шахсан аз 100 миллион доллар маблағе, ки ширкати сохтмонии Чин барои сохтмони ин роҳ дода буд, баҳраманд шудааст.

Сариев ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки тӯҳматгарони вай натавонистаанд иддаои худро собит созанд.

XS
SM
MD
LG