Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони ғайридавлатии амрикоии Freedom House дар гузориши нави худ навиштааст, ки мушкилоти иқтисодии рӯзада дар Ӯзбекистон ба “ҳукумати худкомаи решагирифта” таҳдид мекунад. Ин вазъият ба “тақвияти назорати шаҳрвандон” боис шудааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки дар соли 2015 интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек ба ватан 58 дарсад кам шуда, дар соли ҷорӣ ин раванд идома меёбад. Муомилоти асъор дар Ӯзбекистон танҳо дар дасти давлат аст ва ба ин сабаб корхонаҳои зиёде метавонанд муфлис шаванд.

Ба гуфтаи Нейт Шенккан, яке аз муаллифони гузориши Freedom House, дар пасманзари бӯҳрони иқтисодии рӯзафзун кишварҳои худкомае назири Ӯзбекистонро зарур аст, шаффофияти иқтисоди худро таъмин созанд ва даст ба ислоҳот зананд. Дар акси ҳол пайомадҳои уфти иқтисодӣ метавонад ба худи ҳукуматҳо таъсири манфӣ расонанд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар феҳрасти озодиҳои иқтисодӣ, ки аз сӯи пажӯҳишгоҳи канадагии Heritage Foundation ва нашрияи The Wall Street Journal таҳия шудааст, Ӯзбекистон дар миёни 178 кишвар ҷойи 160-умро гирифт.

Дар гузориши Freedom House махсусан таъкид шудааст, ки дар ин кишвар озодии баён вуҷуд надорад, мавридҳои кори маҷбурӣ дар пахтазорҳо идома доранд, мақомот фасодзада аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, раванди гирифторӣ ба фасод идома дорад, вобастагии додгоҳҳо аз мақомот ва шиканҷаи маҳкумшудаҳо дар ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон мушоҳида мешаванд.

XS
SM
MD
LG