Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабирони амният дар Тошканд мулоқот мекунанд


13-14 апрел дар Тошканд мулоқоти Дабирони амнияти кишварҳои Созмони Ҳакории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ба матбуот хабар додааст. Ҳоло раёсати давраии ин созмонро Узбакистон бар уҳда дорад.

Тибқи ин хабар дар мулоқот масъалаҳои мубориза бо хатарҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ баррасӣ мешаванд.

Ҳоло раванди ҳамоҳанг сохтани стратегияи мубориза бар зидди маводи мухаддир даркишварҳои узви ин созмон ҷараён дорад. Ин барнома солҳои 2017-2022-ро дар бар мегирад.

Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошанд. Афғонистону Беларус, Эрону Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узвв дар шаҳри Уфаи Русия тасмим гирифта шуд, ки барои Ҳиндустону Покистон низ раванди қабул ба узвият оғоз шавад.

XS
SM
MD
LG