Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба 18 муҳоҷири тоҷик дар Қирғизистон


Дар ҳудуди вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба мусофирбари ҳомили 18 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 13 апрел хабар дод, ки ин гурӯҳ аз сокинони Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта тариқи автобус ба Русия раҳсипор будаанд.

Ба иттилои вазорат, ин ҳодиса замоне рух додааст, ки мусофирон аз ронанда хостаанд, то дар канори роҳ барои чанд дақиқа биистад. "Дар ҳамин ҳол, афроди ниқобпӯш вориди мусофирбар шуда, тамоми шаҳрвандонро ба берун баровардаанд ва ба онҳо бо туфангча таҳдид кардаанд. Ғоратгарон бору колои мусофиронро тагурӯ карда, маблағи баробар бо зиёда аз 100 ҳазор сом (муодили 10 ҳазор сомонӣ) рабуда ва аз ҷои воқеа ғайб задаанд," – афзудааст манбаъ.

Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса чор шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд ва ҷузъиёти аз ин бештар дода намешавад.

Солҳои гузашта муҳоҷирони тоҷик асосан тариқи ҳавопаймо аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба Русия мерафтанд. Аммо имсол ба далели бӯҳрони молӣ бархе аз онҳо натавонистаанд билети ҳавопайморо бихаранд ва аз ин хотир тариқи мусофирбарҳо ба Русия мераванд. Ин роҳи онҳо аз Қирғизистону Қазоқистон мегузарад.

XS
SM
MD
LG