Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони НАТО дар ду соли охир бори аввал бо Русия мулоқоти расмӣ мекунанд. Ин мулоқот 20 апрел дар назар дошта шудааст. Дар ин бора сухангӯи НАТО хабар дод. Дар мулоқот буҳрони Украина, кам кардани хатарҳои ҷанг ва Афғонистон баррасӣ хоҳанд шуд.

"Ин ба маънои бозгашт ба муносибатҳои пешина нест, балки мо ба гуфтугӯ ниёз дорем", - мегӯяд сухангӯи НАТО.

НАТО бо нишони эътироз аз ғасби Қрим ҳамаи робитаҳои кориро бо Русия дар моҳи апрели соли 2014 қатъ кард.

Бо вуҷуди ин, фаъолияти Шӯрои "Русия - НАТО", ки Русияро бо рақиби даврони ҷанги сардаш муттаҳид мекунад, ҳаргиз расман манъ нашуда буд. Аммо мулоқоти охирин дар моҳи июни соли 2014, баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия баргузор гашта, сардии муносибатҳоро ошкор кард.

Ҳоло ҳар ду ҷониб ба созиш расиданд, ки дар сатҳи сафирон дар Брюссел дар Шӯрои "Русия-НАТО" мулоқот кунанд.

Дар ҳоле ки миёни Ғарб ва Русия дар масъалаи Украина ихтилоф ҷой дорад, ин мулоқот метавонад нишони беҳтар гардидани робитаҳои дипломатӣ бошад. Робитаҳои дипломатӣ метавонанд аз даргириҳои ғайриинтизор дар минтақа пешгирӣ кунанд, менависад хабаргузории Рейтер.

Бо назардошти тақвияти ҳузури низомии НАТО дар Аврупои Шарқӣ, ин созмон мехоҳад бо Москва гуфтугӯ кунад, то нофаҳмиҳо ба миён наоянд.

XS
SM
MD
LG