Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои ҳифзи ҷисми мумиёшудаи Владимир Ленин дар соли 2016 аз буҷаи давлатии Русия 13 миллион рубл сарф мешавад. Дар ин бора сомонаи харидҳои давлатии он кишвар иттилоъ додааст.

Институти умумирусиягии таҳқиқи растаниҳои шифобахш ва хушбӯй масъулияти ҳифзи ҷисми Ленинро бар душ дорад. Фармоишгари корҳои мумиёгарӣ Хадамоти федеролии муҳофизати Русия аст.

Ҷисми Ленин дар Оромгоҳи Майдони Сурх аз соли 1924 инҷониб нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG