Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ баррасиҳои таърихиеро барои кӯмак ба интихоби Дабири кулли ояндаи СММ баргузор кард. Ба ин тартиб раванди маъмулии интихоби Дабири кулл оғоз шудааст ва дар ин раванд Шӯрои Амният ва аъзои доимии он нақши муҳим доранд.

Ин баррасиҳо, ки 12 апрел шурӯъ шудааст, ба кишварҳои узв имкон медиҳад, ки бори аввал дар бораи баъзе масъалаҳо ба номзадҳо суол диҳанд. Ин масъалаҳо ба хушунати ҷинсӣ тавассути нируҳои посдори сулҳи СММ ва ё ба фишор аз ҷониби кишварҳои кудратманд иртибот дорад.

Игор Луксич-вазири корҳои хориҷаи Черногорие аз ҷумлаи 8 номзад аст, ки пештар аз номзадҳои дигар дар Маҷмаи Умумӣ ба суолҳо ҷавоб медиҳад. Ирина Бокова-раиси ЮНЕСКО ва Антонио Гутеррес-раиси пешини паноҳҷӯёни СММ баъд аз вай пурсида мешаванд.

Тибқи анъана Дабири кулли СММ бо навбат аз минтақаҳо интихоб мешавад. Намояндагони Осиёву Африқо, Амрикои Лотин ва Аврупо то ҳол курсии Дабири куллро ишғол кардаанд. Кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Русия, даъво доранд, ки намояндаи онҳо то ҳол мақоми Дабири куллро надоштаанд.

XS
SM
MD
LG