Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Файсалободи Покистон баъд аз бархӯрди як автобус бо мошини борбар 19 нафар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳодиса 13 апрел дар аёлати Панҷоб рух додааст.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гурӯҳҳои наҷот мегӯянд, ки автобус бо суръати баланд ҳаракат мекард, вале афсарон мегӯянд, ки бояд ба сабабҳои ин ҳодиса расидагӣ сурат бигирад.

Наворе, ки аз саҳнаи ҳодиса бардошта шудааст, гувоҳӣ медиҳад, ки автобус сахт осеб дидааст. Ҳодисаҳои фоҷеабори нақлиётӣ дар Покистон зуд-зуд рух медиҳад, зеро вазъи роҳҳо бад аст ва ронандаҳо қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд.

XS
SM
MD
LG