Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сокини Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон


Марзбонони қирғиз як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо қасди қочоқи гази моеъро доштааст. Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки "12 апрел дар минтақаи Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, як шаҳрванди Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ вайрон кардани низоми марзӣ боздошт гардид”.

Ҳарчанд аз ин шаҳрванди тоҷик ном бурда намешавад, аммо дар иттилоияи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон омадааст, ки вай қасди қочоқи гази моеъ тавассути мошинаи тамғаи RENO-ро доштааст. Ба иттилои манбаъ, тибқи моддаи 389 –и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷарима таъин шудааст.

Боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш марзбонони қирғиз чор шаҳрванди тоҷикро ба ҳангоми чарои 20 гов дар минтақаи Майсуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дастгир карда буданд. Марзбонони қирғиз иддао доштанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Аммо марзбонони қирғиз пас аз анҷоми расмиёти аснод ин чор шаҳрванди Тоҷикистонро бо чорвояшон ба ҳамтоёни тоҷикашон таҳвил додаанд.

XS
SM
MD
LG