Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозатномаи 5 ташкилоти қарзии хурд бозхонд шуд


Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди “Рушди Помир”,“Ишкошим”, “Рушди Дарвоз”, “Аврангзеб” ва "Шурообод”, ки аз ҷониби ин бонк барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буданд, бозхонд кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, рӯзи душанбеи 11 апрел раёсати ин бонк бо қарори худ барои азнавташкилшавӣ аз тариқи мутаҳҳидшавии ин ташкилотҳои қарзии хурд ризоият додааст.

Тибқи қарори мазкурташкилотҳои қарзии хурди “Ишкошим”, “Рушди Дарвоз”, “Аврангзеб” ва "Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG