Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст дод


«Истиқлол»-и Тоҷикистон аз “Нафт Ал-Васат”-и Ироқ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дар даври чоруми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2016аз тими “Нафт Ал-Васат”, қаҳрамони феълии Ироқ, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт ва шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст дод.

Ин бозӣ шаби сешанбеи 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 8000 тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагари ироқиҳо Ҷасим Муҳаммад дар замони изофӣ, дар дақиқаи 90+2, ба дарвозаи “Истиқлол” зад ва беҳтарин бозигари ин дидор эътироф гашт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи “Ал-Файсалӣ”-и Урдун дар майдони худ тими “Триполи”-и Лубнонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, “Нафт Ал-Васат” бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар мақоми аввал аст. «Ал-Файсалӣ» бо 8 имтиёз дар мақоми дувум ва «Триполи» бо 4 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, бозии даври севуми Ҷоми AFC миёни «Нафт Ал-Васат» ва «Истиқлол», ки 15 март дар майдони бетараф, дар варзишгоҳи «Пас»-и шаҳри Теҳрон, баргузор шуд, бо пирӯзии ироқиҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.

Ҷоми АFC-2016. Гурӯҳи «В». Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «НАФТ АЛ-ВАСАТ» (Ироқ) – 0:1

Гол: Ҷасим Муҳмаммад, 90+2.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Александр Каблаш, Фаридун Шарифов (Ҷаҳонгир Алиев, 84), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Акмал Холматов, 74), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ): Нур Сабрӣ Аббос, Алла Имад Ал-Шблӣ, Набил Аббос, Амир Сабоҳ Худҳайр, Ҳалкор Муҳаммад Тоҳир, Замир Барғаш (Солеҳ Садир, 88), Айад Халаф Ал-Саррай, Мустафо Карим (Карим Делӣ Наҷим, 64), Исам Ясин Аббос, Ҷасим Муҳаммад (Муҳаммад Носир Ал-Саидӣ, 90+4), Надим Сабаг.

Сармураббӣ: Фалаҳ Ҳасан Кадим.

Бозигари беҳтарин: Ҷасим Муҳаммад («Нафт Ал-Васат»).

Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Давронҷон Эргашев («Истиқлол»), Нур Сабрӣ Аббос («Нафт Ал-Васат»).

Сардовар: Аммар Иброҳим Ҳасан Маҳфуз (Баҳрайн)

Нозири бозӣ: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷебрил (Фаластин).

12 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8000 тамошобин.

«АЛ-ФАЙСАЛӢ» (Урдун) – «ТРИПОЛИ» (Лубнон) – 3:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

4

3

0

1

5-2

9

2.

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

4

2

2

0

6-3

8

3.

«Триполи» (Лубнон)

4

1

1

2

4-6

4

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

0

1

3

1-5

1

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

XS
SM
MD
LG