Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев тоҷирони эрониро ба Қазоқистон хонд


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар ҷараёни дидораш аз Эрон аз тоҷирону соҳибкорони эронӣ даъват кард, ки ба иқтисоди кишвараш сармоягузорӣ карда ва аз имконоти роҳи оҳани Эрон-Туркманистон-Қазоқистон ба таври муассир истифода баранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, дар мулоқоти президент раҳбарони беш аз 20 ширкати бахшҳои энерҷӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва коркарди маъодини кӯҳии Эрон ширкат кардаанд.

Ҷаноби Назарбоев гуфтааст, ки Қазоқистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё буда ва ширкатҳои эронӣ метавонанд бидуни пардохти боҷи гумрукӣ бо аъзои ин созмон - Русия, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон ҳамкориҳои тиҷоратӣ кунанд.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, кишвараш ба ҳамкориҳо бо Эрон дар бахшҳои тиб, биотехнология, муҷтамааҳои кишоварзӣ ва технологияи кайҳонӣ манфиатдор аст.

Нурсултон Назарбоев бо як дидори расмии дурӯза дар Эрон қарор дошта ва рӯзи гузашта бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG