Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбарии Жэнбеков ба сарвазирии Қирғизистон


Сооронбой Жэнбеков

Сооронбой Жэнбеков

Фраксияи Ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон дар парлумон номзадии Сооронбой Жэнбековро ба мақоми нахуствазири ин кишвар пешниҳод кардааст.

Чинибой Турсунбеков, раҳбари ин фраксия ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина имрӯз, 12 апрел дар ҷаласаи фраксияи ҲСДҚ тасмим гирифта шудааст.

Зимнан, раҳбарони фраксияҳо дар парлумони Қирғизистон бо раисиҷумҳур Алмосбек Отабоев карданд ва президент аз онҳо хост, то барои интихоби ҳарчӣ зудтари нахуствазири кишвар талош кунанд.

Рӯзи гузашта Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон, дар ҷаласаи ҳукумат эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. .

Ин дар ҳолест, ки пештар чанд нафар аз намояндагони порламони Қирғизистон кобинаи вазиронро барои ришвахорӣ муттаҳам карданд.Темир Сариев гуфт, ки бо вуҷуди истеъфо ӯ барои доғдор накардани номи худ то охир мубориза хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG