Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи русии Ми-28Н дар Сурия


Дар Сурия чархболи низомии руси Ми-28Н суқут кард. Ҳарду сарнишини чархбол ба ҳалокат расиданд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 12 апрел аз қавли вазорати дифои Русия навишт, ки чархбол ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор нагирифтааст.

Чархболи Ми-28Н дар болои шаҳри Ҳумс парвоз мекард.

Ҷасадҳои сарнишинҳо аз ҷойи ҳодиса ба пойгоҳи низомии Русия дар Хмейнӣ интиқол ёфтанд.

Чархболи суқуткарда мансуб ба пойгоҳи ҳавоии низомии Будённовск дар вилояти Ставропол буд.

Тафтиши сабабҳои суқути чархбол шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG