Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонҳои олмонӣ гуфтанд, шикояти раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон алайҳи ҳаҷвнигореро, ки алайҳи ӯ аз тариқи телевизиони Олмон ZDF рӯзи 31 март шеъри ҳаҷвӣ қироат кардааст, баррасӣ мекунанд. Додситонҳои шаҳри Майнтс дар изҳороти рӯзи 11 апрел хабар доданд, ки Эрдуғон ҳаҷвнигор Ян Бёмерманро дар таҳқир айбдор кардааст.

Шеъри ҳаҷвӣ моломол аз ҳарфҳои дурушт дар ҳаққи Эрдуғон аст ва ҳатто ҷое муаллиф ба таваҷҷуҳи раҳбари Туркия ба аксҳои бараҳнаи кӯдакон ишора намудааст. Ҳаҷвнигор ин шеърро дар канори парчами Туркия хондааст.

Қироати шеъри ҳаҷвӣ боиси моҷарои байнулмилалӣ шуд. Шабакаи ZDF сабти наворро аз сомонаи интернетияш гирифт ва аммо таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Бёмерманро идома хоҳад дод. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу иқрор кард, ки воқеъан шеъри ҳаҷвнигор таҳқиромез ва ғайри қобили қабул буд.

Додситонҳои шаҳри Майнтс гуфтанд, ки баъд аз шикояти беш аз 20 нафар алайҳи Бёмерман бо иттиҳоми таҳқири ниҳодҳо ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ парванда боз кардаанд. Дар ҳамин ҳол намояндаи ҳукумати Олмон Штеффен Зейберт рӯзи душанбе изҳор намуд, ки озодии сухан ва эҷоди асари бадеъӣ ҳаққи ҳар як шаҳрванд аст.

XS
SM
MD
LG